Аз "сиёҳу сафед" то моҳвора. 62 соли телевизиони тоҷик. ВИДЕО
     TJ RU EN
06:35 / 2024-11-16

Аз "сиёҳу сафед" то моҳвора. 62 соли телевизиони тоҷик. ВИДЕО

Рӯзи сеюми октябр ба таъсиси телевизиони тоҷик 62 сол пур шуд. Ба қавли собиқадорони соҳа, телевизиони тоҷик кори худро дар шароите оғоз кард, ки аз лиҳози дастрасӣ ба дастгоҳву таҷҳизот ва мутахассис камбуди ҷиддӣ дошт. Чунин мушкилиҳо имкон намедод, шумори барномаҳо бештар карда шавад ва эфири телевизионро барномаи хабарии аз се то панҷ дақиқаӣ ва намоиши филмномаҳо пур мекард. Рафоат Абдусаломова, наттоқи нахустини телевизиони тоҷик, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, сеюми октябри соли 1959, бори аввал тавассути телевизион барномаи хабариро пешкаши бинандагон намуд ва он замон бо тими ҳамкоронаш хеле дар ҳаяҷон буд. "Акбар Ҷӯрев, режиссёри аввалин, ишора кард, ки Рафоатхон, тайёр бошед. Чароғаки камера рӯшан шуд ва ман суханро ҳамин тавр оғоз намуда, гуфтам, "Ассалому алейкум тамошобинони азиз, студияи телевизионии Сталинобод барномаи аввалини худро сар мекунад", -- нақл кард Абдусаломова. Рафоат Абдусаломова мегӯяд, таъсиси телевизион барои мардум чунин менамуд, ки афсонае ба ҳақиқат табдил ёфтааст: "Дар кӯча кӯдакон ва калонсолон аз пушти ман мегаштанд. Яке мегуфт, ҳамин духтар сухан гуфт, дигаре мегуфт, не, вай робот буд". Ӯ, ба ин назар аст, ки аз замони таъсис то авоили солҳои 70-ум, марҳилаи душвортарини телевизиони тоҷик ба шумор меравад. Муҳаққиқ ва собиқадори телевизион, Искандар Мирзоев, солҳои 1977-1989-ро даврони тиллоии телевизиони тоҷик меномад. Ба гуфтаи ӯ, "раҳбарони аввали ҷумҳурӣ, аз ҷумла Ҷаббор Расулов ба телевизион омада, дар бораи киштукор ва низ ҷамъоварии пахта сухан мегуфтанд. Атрофи Норак кашмакашиҳои зиёд шуд, ки баъд аз 20 сол аз кор мемонад, 200 мутахассисро аз ҷумҳуриҳои дигар ҷамъ карда, барнома таҳия мекардем..."
Дар Тоҷикистони Шӯравӣ, ба қавли Мирзоев, замоне бахше аз адибону рӯшанфикрон ба кори телевизион пардохтанд, мутахассисон дар кишварҳои дигар таҷриба андӯхтанд ва дар сатҳу сифати барномаҳо дигаргунӣ ба миён омад. Ба қавли Рафоат Абдусаломова, он замон дар пайгирии мавзуъҳо озод буданд ва натиҷаи барномаву гузоришҳои худро эҳсос мекарданд: "Масалан, ягон корхонаро танқид мекардем, ҳатман роҳбари корхона мактуб менавишт, ки камбудҳо ислоҳ карда шуд". Солҳои 1991-1997 барои кормандони телевизиони Тоҷикистон марҳилаи ҳассосу пурмасъулият гуфта мешавад. Дар онҳо солҳо даҳҳо журналист кушта шуд, ки бахше аз онҳо кормандони телевизион буданд. Рафоат Абдусаломова мегӯяд, "он замон гурӯҳи силоҳбадастон телевизионро гирифта, фармонфармоӣ мекарданд, эҷодкорон дар ҳамон лаҳзаҳо дар телевизион кам монда буд, кормандонро иҷоза намедоданд аз телевизион бароянд." Бо вуҷуди таъсиси шабакаҳои нави телевизионӣ дар замони соҳбистиқлолии Тоҷикистон, танқидҳо аз кори онҳо борҳо садо додааст. Раҳбарони телевизонҳои давлатӣ дар нишастҳои расмӣ пайваста аз рушди кори шабакаҳо сиотиш мекунанд, аммо мунтақидони соҳа вуҷуди сензура, худдорӣ аз инъикоси баъзе аъ мавзуъҳои муҳим, таърифу тавсифи якҷонибаро аз мушкилиҳои аслии кори телевизионҳо медонанд. Собиқадорони соҳа мехоҳанд дар шабакаҳои телевизионии кишвар дигаргунӣ ба миён ояд. Ба гуфтаи Рафоат Абдусаломова, дар телевизионҳо эҷодкороне ҳастанд, ки барномаҳои ҷолиб доранд, вале барномаҳои рангину шавқоварро дар телевизион кам мебинад. "Ман мехоҳам очерк бинам, барномаҳои зебо бинам, рекламаро паси ҳам зиёд додан мумкин нест, дилгир мекунад, барномаҳоро танҳо бо мусоҳиба пур накунанду коре кунанд барномаҳои ҷолиб омода карда, бинандаро ҷалб кунанд"-, гуфт, ӯ. Феълан дар Тоҷикистон шаш шабакаи телевизиони умумиҷумҳуриявӣ амал мекунад, ки ҳамагӣ давлатиянд. Телевизионҳои ғайридавлатӣ низ фаъолият доранд, вале доираи пахши барномашояшон маҳдуд аст. Коршиносон мегӯянд, як мушкили аслӣ дар роҳи таъсиси телевизионҳои мустақил дар кишвар, дарёфти иҷозатнома барои фаъолият аз суи ниҳодҳои давлатӣ аст. https://www.ozodi.org/a/31493176.html

Тақвим

<< < Декабрь 2020 > >>
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31      
 
Пайвандҳои лозима